Playing via Spotify Playing via YouTube
Skip to YouTube video

Loading player…

Scrobble from Spotify?

Connect your Spotify account to your Last.fm account and scrobble everything you listen to, from any Spotify app on any device or platform.

Connect to Spotify

Dismiss

A new version of Last.fm is available, to keep everything running smoothly, please reload the site.

Dar Oghushi Tu Memiram - Lyrics

Дар оғуши ту мемирам,
Дар оғуше, ки аз гармии ҷонсӯз зи танат сӯзам.
Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам,
Дар оғуше, ки бо рағми хазонҳо сабзу гулпушам.

Дар оғуше, ки аз эҳсоси ларзишҳои руёи, мадҳушам,
Дар оғуше, ки бори зиндагӣ меафтад аз душам.
Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромушам,
Дар оғуше, ки ҷойи доду фарёд аст, хомушам.

Маро ин дам чи давлат аст, ки бо ту ҳамоғушам,
Дар оғуши ту мемирам.

Аз он тарсам, ки дар савдои ишқу ошиқӣ рӯзе,
Маро бигзориву дил ба касе банди, ки чун бошад:
Ки чашмаш ҳасрати дунёи дун дорад,
На шӯре дар дилу, на синааш завқи ҷунун дорад.

Ба он гаҳ ин ҳама дунёи ман кур аст,
Дигар зистан бароям дар ҷаҳон монандаи гур аст.
Ту бар қасди замону хасми номардҳо, бо ман бош!
Маро аз чашми бадбинон дар оғушат панаҳ бинмо.

Дар оғуше, ки эҷоз аст, эҳсон асту армон аст,
Дилам бар ёди он рӯзу шабонгаҳ сахт пазмон аст.
Ки Эзид бо ту тақдирам бупайваст,
Хушо он соат, ки пеш аз марг аз як дарди ширинест.

Don't want to see ads? Subscribe now

API Calls